Барқароркунии пул

Октябрь 15, 2012 16:46

Суғд, 15 октябр. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов).- Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов барқароркунии пули болои сои Томчӣ, ки бар асари офати табиӣ зарар дида буд, бо ҷалби 20 нафар сокини бешуғли деҳоти Ӯзбекқишлоқ ва Зарафшон дар асоси шартномаи миёни ҷамоати деҳоти Ӯзбекқишлоқ ва шуъбаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ноҳия амалӣ мешавад.Дарозии пули болои сои Томчӣ 40 метр ва бараш 9 метр буда, барои пайвастани 7-8 деҳаи хурду калони ноҳияи Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафуров, рафтуомади шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистони ҳамсоя аз пули асосии мошингузар хизмат мекунад.Барои барқарорсозии ин пули мошингузар ва анҷоми корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба маблағи 1миллиону 160 ҳазор сомонӣ лоиҳа ва санади муҳандисию техникӣ таҳия шудааст.Алҳол корҳои навсозӣ ва таҳкими пояи пул, арматурабандӣ ва бетонкории қисмати соҳилро анҷом дода, конструксияи оҳану бетонии баданаи вайроншудаи пулро месозанд.Барои иҷрои корҳо аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ва буҷаи маҳаллӣ марҳила ба марҳила маблағҳо равона мегарданд.

Октябрь 15, 2012 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд