Барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Колумбия
Душанбе, 9 октябр. (АМИТ «Ховар»). – Тавре ки аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар шаҳри Ню – Йорк маросими имзои Эъломияи муштарак дар бораи барқарор намудани муносибатҳои дипломатии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Колумбия баргузор гардид. Эъломияи муштаракро Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Сироҷиддин Аслов ва Намояндаи доимии Ҷумҳурии Колумбия дар ин созмон Нестор Осорио имзо намуданд. Баъди маросими имзои Эъломия сафирони Тоҷикистону Колумбия аз рӯи масоили роҳандозӣ ва рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан муфиди байни ҳар ду кишвар, ҳамчунин перомуни масъалаҳои мухталифи рӯзномаи Созмони Милали Муттаҳид табодули афкор намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






