Барқияи Эмомалӣ Раҳмон ба Ху Тсзинтао

Октябрь 1, 2012 11:40

Душанбе, 1 октябр. (АМИТ «Ховар»). – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, чунин гуфта мешавад: «Мӯҳтарам ҷаноби Раис,Ба муносибати солгарди эълон шудани Ҷумҳурии Мардумии Чин табрикоти самимона ва орзӯҳои беҳтаринамро шахсан аз номи худам ва аз номи Ҳукумат ва халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо ва дар шахсияти Шумо ба халқи дӯсти Чин ирсол медорам.Чини дӯст тайи даҳсолаҳои охир дар рушди иқтисодиёт ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии халқ ба муваффақиятҳои шоёни таҳсин ноил гардида, дар арсаи ҷаҳон аз обрӯи баланд бархӯрдор буда, ҳамеша ҷонибдори таъмини амнияту суботи ҷаҳон аст. Тоҷикистон, чун ҳамсояи наздиктарини Чин, ки онро ҳазорҳо риштаҳои дӯстӣ бо ин кишвар пайваст менамоянд, ба ин дастовардҳо ҳамеша бо шавқу ҳаваси самимона назар мекунад.Мо анъанаҳои пуршарафи ҳамсоягии ҳақиқии нек, ҳисси самимонаи дӯстӣ, эҳтироми мутақобила ва ҳусни таваҷҷӯҳ нисбат ба якдигарро, ки халқҳоямонро бо риштаҳои канданашаванда пайваст менамоянд, қадр мекунем ва чун пештара ҷонибдори нигоҳ доштан ва афзун намудани ин анъанаҳои нек мебошем. Мо аз вазъияти неки муносибатҳои дуҷониба ҳам дар бахши сиёсӣ ва ҳам дар бахшҳои иқтисодию гуманитарӣ ва, албатта, аз рушди босуръати мушорикати мутақобилан муфидамон, ки ҷавобгӯи манфиатҳои куллии ҳар ду халқ ва умуман минтақа мебошанд, басо қаноатмандем. Мо худи имрӯз ҳам метавонем, самараҳои сершумори ин ҳамкориро намоиш диҳем. Мулоқотҳоеро, ки мову Шумо, мӯҳтарам ҷаноби Раис, чанде пеш дар доираҳои ҳам Созмони Ҳамкории Шанхай ва ҳам дар ҳошияи сафари давлатиам ба кишвари зебои Шумо доштем, бо камоли самимият ба хотир меорам. Мо тайёрем, ки муколамаи доимию боварибахши сиёсиро ба манзури вусъат бахшидану такмил додани муносибатҳои байни кишварҳоямон дар ҳамаи соҳаҳое, ки диққати тарафайнро ба худ ҷалб мекунанд, минбаъд ҳам густариш диҳем. Тоҷикистон ба рушди бемайлони ҳамкории бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чин аҳамияти бузург дода ва ҷонибдори минбаъд ҳам бо мазмуни нави мушаххас ғанӣ гардонидани он мебошад.Ин воқеаи гуворо ба ман имконият медиҳад, ки ба Шумо, ҷаноби Раис, тансиҳатии бардавом, саодатмандӣ, умри дароз ва ба халқи Чини Бузург беҳбудӣ ва сулҳу шукуфоиро таманно намоям».Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Президенти ҶТ хабар доданд.

Октябрь 1, 2012 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад