Барқияи табрикотӣ ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов
Душанбе, 29 октябр. (АМИТ «Ховар»). – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, чунин гуфта мешавад:Мӯҳтарам Ислом Абдуғаниевич, Дар ин рӯзҳо ба санаи барқароршавии муносибатҳои дипломатии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон 20 сол пур мешавад.Аз Шумо хоҳиш мекунам ба муносибати ин воқеаи фархундаи таърихи навтарини муносибатҳои мутақобилаи Тоҷикистону Ӯзбекистон табрикоти самимона ва орзӯҳои беҳтаринамро қабул фармоед. Мо дар Тоҷикистон анъанаҳои чандинасраи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии неки байни халқҳоямонро қадр мекунем.Мо аз рӯзҳои аввали истиқлолияти миллиамон ба онҳо такя намуда, сайъ мекунем, ки тамоми маҷмӯи ҳамкории амалии Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар заминаи принсипҳои баробарҳуқуқӣ, эҳтироми якдигар ва ба инобат гирифтани манофеи тарафайн, ки дар санадҳои асосии танзимкунандаи муносибатҳои дуҷонибаи имрӯзаамон асос ёфтаанд, бемайлон густариш диҳем. Мехоҳам аз имконияти мусоид истифода карда, қайд намоям, ки саъю кӯшишҳои якҷояамон мусоидат мекунанд, ки на фақат ба ситезаҷӯи ва хавфу хатари имрӯза муқобилат намоем, балки муносибатҳои кишварҳоямонро ба сатҳи сифатан нави тараққиёт ба нафъи халқҳоямон ва ба хотири таҳким бахшидани суботи минтақа низ барорем. Ба Шумо, мӯҳтарам Ислом Абдуғаниевич, тансиҳатии бардавом ва беҳбудии ҳамаҷониба ва ба халқи дӯсти Ӯзбекистон сулҳу субот ва инкишофи минбаъдаро орзӯ менамоям.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






