Барқияи табрикотии Э.Раҳмон ба Абдулло Гул
Душанбе, 30 октябр (АМИТ «Ховар»).- 29 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла чунин гуфта мешавад:Ҷаноби Олӣ, Бародари азиз,Ба муносибати фаро расидани солгарди иди миллии кишвари дӯст Ҷаноби Олӣ ва тамоми мардуми Ҷумҳурии Туркияро самимона табрику таҳният менамоям.Тоҷикистон барои рушду нумӯъи ҳарчӣ бештари муносибатҳои дӯстона миёни ду кишвар манфиатдор буда, муҷаддадан таъкид менамояд, ки дар ин самт тамоми имкониятҳои мавҷударо мавриди истифода қарор хоҳад дод.Итминони комил дорам, ки раванди ҳамкориҳои созанда ва мутақобилан судманди ду кишвар боз ҳам густариш хоҳанд ёфт.Бо истифода аз ин фурсати нек ва фараҳбахш ба бародари азизам, ҷаноби Президент, сиҳатии комилу муваффақиятҳои рӯзафзун ва ба мардуми дӯсту бародари Туркия шукуфоиву саодат таманно дорам.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






