Барқияи табрикотии Э. Раҳмон ба Президенти Германия

Октябрь 3, 2012 16:32

Душанбе, 3 октябр. (АМИТ «Ховар»). – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Германия Йоахим Гаук барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, чунин гуфта мешавад:«Ҷаноби Олӣ,Боиси хушнудист, ки Шумо ва мардуми дӯсти Германияро ба муносибати солгарди фархундаи ҷашни миллии кишвар сидқан табрику таҳният гӯям.Тайи солҳои охир равобит ва ҳамкории ду кишвар хислати муназзам ва васеъ касб кард, ки бешак ба манфиати халқҳо ва кишварҳои мост.Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш изҳори умед менамоям, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои муфиди тарафайн дар соҳаҳои мухталиф дар оянда низ ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар рушду густариши беш аз пеш хоҳанд ёфт. Ҷониби Тоҷикистон барои таҳкими ҳар чӣ бештари ин муносибатҳо, ки дар айни замон омили муҳими таъмини сулҳу субот ва ҳамкории созанда дар минтақа мебошанд, саъю кӯшиши заруриро ба харҷ хоҳад дод.Ба ҷаноби Президент сиҳатии комилу муваффақият ва ба мардуми кишвари дӯсти Германия шукуфоиву саодат хоҳонам».Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Президенти ҶТ хабар доданд.

Октябрь 3, 2012 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!