Барқияи табрикотии Ислом Каримов ба Эмомалӣ Раҳмон
Душанбе, 29 октябр. (АМИТ «Ховар»). – 28 октябр Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, чунин омадааст:Мӯҳтарам Эмомалӣ Шарифович, Барои табрикоти самимона ва орзӯҳои неки Шумо ба муносибати 20 — солагии барқароршавии муносибатҳои байни кишварҳоямон изҳори сипос мекунам.Муносибатҳои дӯстӣ ва эҳтироми мутақобила, ки аз умқи асрҳо сарчашма мегиранд, умумияти таърих, дин, расму анъанот, масоили умумӣ, ки онҳоро халқҳоямон ҳал менамуданд, моро дар роҳи сӯи расидан ба беҳбудӣ, ҳаёти арзандаи мардумамон ҳамеша муттаҳид месохтанд. Аминам, чунин муносибатҳо, ки аз имтиҳони замон гузаштаанд, минбаъд ҳам боқӣ мемонанд.Аз фурсат истифода намуда ба Шумо, мӯҳтарам Эмомалӣ Шарифович, тансиҳатии бардавому муваффақиятҳо ва ба халқи Тоҷикистон беҳбудию комрониро таманно мекунам.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






