Баргузории Шӯрои энергетикии ИДМ дар Минск
Душанбе, 18 октябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – 19 октябр дар шаҳри Мински Беларус ҷаласаи 41 – уми Шӯрои энергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаласа раиси ШСХК «Барқи тоҷик» Абдулло Ёров ва сардори раёсати равобити байналмилалии ширкати мазкур Рустам Раҳимов намояндагӣ мекунанд.Дар ин бора роҳбари дафтари матбуоти ширкати «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.Мувофиқи суханони манбаъ, дар ҷаласаи Шӯро масоили мубрами ҳамкории низомҳои энергетикии давлатҳои Иттиҳод мавриди муҳокима қарор мегиранд. Абдулло Ёров ба иштирокдорони ҷаласа аз вазъи энергетикии Тоҷикистон ва бунёди иншоотҳои нави энергетикӣ иттилоъ медиҳад.Ғайр аз ин Абдулло Ёров дар ҷараёни иҷлосия бо бархе роҳбарони ниҳодҳои энергетикии кишварҳои ИДМ мулоқотҳои дуҷониба анҷом хоҳад дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






