Баррасии ғизои солим
Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар» Ибодат Давлатова)-Истеҳсол ва истеъмоли намаки ошии бейод 2-3 маротиба зиёд гардида, баъзан аҳолии шаҳру ноҳияҳои кишвар намаки техникиро истифода менамоянд, қайд гардид дар мизи мудаввар, ки дирӯз таҳти унвони «Мусоидат дар беҳтар намудани нишондиҳандаҳои иқтисодии барномаҳои ғизо ба воситаи таҳлили вазъӣ ва баҳодиҳии рафти иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Йоднокгардонии намак» баргузор гардид. Дар он оид ба масъалаҳои «Ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон» ва Кодекси байналмилалӣ «Дар бораи гардиши ғизоҳои сунъӣ барои кӯдакон» баррасӣ шуд. Мизи мудаввар бо ташаббуси Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ва Ташкилоти ҷамъиятии ОДАМ ташкил шуда, иштирокдорон оид ба масъалаҳои муҳокимашаванда мубодилаи афкори судманд намуданд. Аз ҷумла қайд шуд, ки тибқи санҷишу таҳлилҳо аксар дар борхалтаҳо бо навиштаҷоти «намаки йодноккардашуда» намаки бейод ҷойгир кардаанд ва ба фурӯш баровардаанд. Маврид ба ёдоварист, ки Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ аввалин шуда Қонуни «Ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон»-ро қабул кардааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






