Баррасии лоиҳаи стратегияи зиддимухаддиротӣ
Душанбе, 5 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати маводи мухаддир дар солҳои 2013-2022» баргузор гардид. Дар таҳияи он намояндагони вазорату идораҳои салоҳиятдор ширкат намуданд. Фаъолияти гурӯҳи корӣ масъалаҳои густардаи мубориза бо ҷиноятҳои мухаддиротӣ, пешгирии нашъамандӣ, табобат ва офиятбахшии беморони гирифтори нашъмандиро дар бар мегирад. Дар ҷараёни баррасии навбатии лоиҳа намояндагони вазорату идораҳои дахлдор пешниҳодҳои худро ба Стратегия ироа доштанд. Маврид ба ёдоварист, ки Стратегия чор самти асосии фаъолият, аз ҷумла муқобилият бо таҳдидҳои мухаддиротӣ, коҳиши талабот ба маводи мухаддир, ҳамкориҳои байналмилалӣ, табобат ва офиятбахшии беморони гирифтор ба нашъамандиро дар бар гирифтааст. Мутобиқ ба Стратегия нақшаи чорабиниҳо ва барномаҳои зиддимухаддиротӣ тарҳрезӣ ва қабул хоҳанд шуд. Дар ин бора аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






