Баррасии меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ
Душанбе, 19 октябр. (АМИТ «Ховар», Сарвинози Руҳуллоҳ)- Дар шаҳри Антверпени Белгия конфронси 14-уми Иттиҳоди ташкилотҳои худтанзимкунии журналистии Аврупо ҷараён дорад. Тавре ки аз дастгоҳи иҷроияи Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон хабар доданд, дар кори он роҳбарону намояндагони ташкилотҳои машғули худтанзимкунии фаъолияти журналистӣ аз 35 кишвари олам иштирок дошта, масоили марбут ба риояи меъёрҳои касбиву ахлоқиро баррасӣ мекунанд. Раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон, директори ТВ «СМТ» Зинатулло Исмоилов дар рӯзи аввали конфронс фаъолияти ин ниҳодро дар Тоҷикистон натиҷагирӣ намуда, изҳор дошт, ки риояи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон заминаро барои рушди бештари соҳа фароҳам овардааст. Бо ишора ба нақши муҳими ниҳоди худтанзимкунии фаъолияти журналистӣ аз нақши Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон дар риояи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ ёдоварӣ шуд. Инчунин раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон бо роҳбарони ҳайатҳои Олмон, Ҳолланд, Швейтсария, Каталония, Озарбойҷон, Украина, Молдова, Гурҷистон ва Федератсияи Русия перомуни табодули таҷриба ва рушди зиёдтари ҳамкориҳои судманд силсилаи вохӯриҳоро анҷом дод. Тоҷикистонро дар конфронси байналмилалӣ, инчунин узви Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон Мухтор Боқизода ва дабири кулли он Хилватшоҳи Маҳмуд намояндагӣ мекунанд, – мегӯяд Зиннатулло Исмоилов ва меафзояд: ҳайати мо инчунин дар доираи ин сафар аз шаҳри Берлини Олмон боздид намуда, бо фаъолияти Шӯрои матбуотии Олмон ошно хоҳад шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






