Баррасии усулҳои шаффофи пардохти андоз
Душанбе, 5 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ)- Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ҷиҳати тақвияти корҳои фаҳмондадиҳиву тавзеҳотӣ дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки мутахассисони соҳа ва доираи васеи андозсупорандагони ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе семинар баргузор шуд. Дар он паҳлуҳои гуногуну муҳими Кодекси андоз дар таҳрири нав мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дода шуд. Дар чорабинӣ кормандони соҳа сараввал ба андозсупорандагон оид ба зарурат ва моҳияти таҳияи Кодекси андоз дар таҳрири нав, бартариятҳои асосии Кодекси андоз дар таҳрири нав аз Кодекси амалкунанда, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупорандагон, имтиёзҳои барои онҳо пешбинишуда, истифодаи усули баҳодиҳии хавфҳо ҳангоми таъини санҷишҳои андоз, чораҳои мубориза бар зидди саркашӣ аз андозбандӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуданд. Ҳамзамон мутахассисони мақомоти андоз ба соҳибкорон аз хусуси шароит, мӯҳлат ва роҳу усулҳои соддаю шаффофи пардохти маблағҳои андоз маълумот дода, таъкид намуданд, ки андозсупорандагон бояд уҳдадориҳои қонунии худро оид ба пардохти андозҳо риоя намоянд. Ҳамчунин атрофи низомҳои соддакардашудаи андозбандӣ, асосҳои андозбандии минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва андозҳои маҳаллӣ муҳокимаҳо сурат гирифтанд.Ба иштирокчиёни семинар китоби Кодекси андоз дар таҳрири нав, ки онро Кумитаи андоз ба тозагӣ ба чоп расонидааст, ба таври ройгон тақсим шуда, ба онҳо тавсия дода шуд, ки бо муқаррароти он пурратар шинос шаванд. Дар назар аст, ки китоби Кодекси андоз дар таҳрири нав ба тамоми вазорату идораҳои дахлдор ва андозсупорандагон ройгон дастрас мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






