Бекорони расмӣ ба қайд гирифта шуданд
Душанбе, 9 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар аввали моҳи августи соли 2012 шумораи бекороне, ки дар Хадамоти шуғли аҳолии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд 56 ҳазору 900 нафарро ташкил дод. Ин нисбат ба моҳи июн 0,5 фоиз зиёд мебошад,-иттилоъ доданд аз вазорати мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар».Ба иттилои манбаъ, қисми зиёди бекорони расмиро занон ташкил доданд, ки шумораи онҳо беш аз 29 ҳазор нафар буд. Сатҳи бекории расман ба қайд гирифташуда 2,6 фоизи аҳолии дар иқтисодиёт фаъолро дар бар гирифтааст. Агар шумораи бекорони расман эътирофшуда дар охири моҳи январи соли 2012 беш аз 54 ҳазору 300 нафарро ташкил дода бошад, пас ин шумора дар аввали моҳи августи соли ҷорӣ ба 56 ҳазору 925 нафар расидааст, ки он нисбат ба моҳи январи соли ҷорӣ 2,6 фоиз зиёд аст.Дар давоми 8 моҳи соли ҷорӣ Хадамоти шуғли аҳолӣ ба беш аз 40 ҳазор нафар кӯмакпулӣ таъин намуд, ки ин 2,6 фоизи аҳолии дар иқтисодиёт фаъолро ташкил медиҳад. Шумораи аҳолии дар иқтисодиёт фаъол (аҳолии машғули кор ва бекорони расман ба қайд гирифташуда) дар аввали моҳи августи соли ҷорӣ 2 млн.181,6 ҳазор нафарро ташкил дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






