Беш аз 5 ҳазор нафар бо кор таъмин шуд

Октябрь 12, 2012 09:02

Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар аввали моҳи августи соли 2012 беш аз 76 ҳазор нафар шаҳрванди корталаб дар Хадамоти шуғли аҳолӣ ба қайд гирифта шуда буд, ки нисбат ба соли гузашта 3,7 фоиз ва нисбат ба моҳи июли соли 2012 ба андозаи 0,6 фоиз зиёд аст,- иброз доштанд дар хадамоти мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар». Танҳо дар моҳи июли соли ҷорӣ 4,2 ҳазор корталаб дар Хадамоти шуғли аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз шумораи умумии корҷӯён 2,4 ҳазор нафар бо кор таъмин шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли2011 14,2 фоиз кам аст.Дар Агентии омори назди Президенти ҷумҳурӣ шумораи шаҳрвандони қобили меҳнати корталабро дар охири моҳи декабри соли 2011 73 ҳазору 768 нафар хонданд, ки 38 ҳазору 481 нафарашонро занон ташкил медоданд.Бояд ёдоваршуд, ки дар соли 2011 беш аз 32 ҳазору 400 нафар шаҳрванди дар қайди Хадамоти шуғли аҳолибуда бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.Дар охири моҳи июли соли ҷорӣ шумораи шаҳрвандони қобили меҳнат 76 ҳазору 702 нафарро ташкил дод, ки 40 ҳазору 632 нафари он занон мебошанд. Дар худи ҳамин моҳ шумораи шаҳрвандони корҷӯйе, ки дар қайди Хадамоти шуғли аҳолианд, 4 ҳазору 160 нафарро ташкил дод, ки 2 ҳазору 355 нафари он соҳиби ҷойи кори доимӣ гардид. Дар ин давра корхонаҳо барои 12 ҳазор ҷойи холии кор ба Хадамоти шуғли аҳолӣ дархост додаанд, аммо танҳо 5 ҳазору 606 нафарро бо ихтисоси коргар ба кор гирифтанд. Дар охири моҳи июл ба як ҷойи холии арзшуда 6,3 нафар корталаб рост омадааст.

Октябрь 12, 2012 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд