Боғи «Ширкент» ба қабули сайёҳҳон тайёр аст
Душанбе, 30 октябр. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров). – 29 октябр маросими ботантанаи ифтитоҳи бинои маъмурии Маркази иттилоотию маърифатии боғи таърихии «Ширкент» баргузор гардид. Дар ин маросим раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбак Салимов ва муовини раиси Ҳукумати шаҳри Турсунзода Иброҳим Ҷамоатов ҳозир буданд.Хотирнишон месозем, ки боғи таърихии «Ширкент» соли 1993 бунёд шуда буд. Алҳол масоҳати ин боғ 3 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Боғи мазкур аҳамияти умумиҷаҳонӣ дошта, яке аз манбаҳои нодири табиӣ ба шумор меравад. Тавре ки аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, боғи «Ширкент» тайи 20 соли охир бинои маъмурии худро надошт.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






