Боло рафтани нархи молҳои ғайриозуқа
Душанбе, 8 октябр.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар моҳи сентябр ҳам баланд бардоштани нархи молҳои ғайриозуқа ба мушоҳида расид,- иттилоъ доданд аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба мухбири АМИТ «Ховар». Танҳо дар моҳи август нисбат ба моҳи июл нархи молҳои ғайриозуқа аз 2 то 4 фоиз боло рафт. Аз ҷумла, костюми бачагона аз матои синтетикӣ ба андозаи 7,9 фоиз, куртаи нимостини кӯдакона аз матои пахтагин 4,6 фоиз, туфлии тобистонаи духтарона 4,3 фоиз, сумкаи мактабӣ 3 фоиз, ҷӯробҳои бачагона 2,4 фоиз, шими мардонаи нимпашмин 1,2 фоиз ва ҳамчунин нархи пойафзоли мардона 2 фоиз баланд бардошта шуд.Дар моҳи август ҳамчунин нархи рӯзномаҳои ҳафтавор, маводи шустушӯй ва доруворӣ низ аз 1,3 то 1,7 фоиз баланд бардошта шуд. Дар айни ҳол нархи хишти сохтмонӣ ба андозаи 3,6 фоиз, семент 1,7 фоиз, шифери асбестусементӣ 1,4 ва сӯзишворӣ 0,4 фоиз арзон шуд.Ба иттилои манбаъ, дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ нисбат ба моҳи декабри соли 2011 нархи молҳои ғайриозуқа, аз ҷумла майкаи бачагона 21,5 фоиз, пойафзоли хонагии занона 18,8 фоиз, туфлии тобистонаи духтарона 17,9 фоиз, пойафзоли хонагии мардона 14,9 фоиз, куртаҳои нимпашмин 12,4 фоиз, матои пахтагин 12 фоиз, хишту семент 8,1 фоиз боло рафта бошад ҳам, сабабҳои баланд шудани нарх аз ҷониби корхонаҳои истеҳсолӣ ба таври равшану возеҳ шарҳ дода нашудааст, ки ин боиси нигаронии харидорон гардидааст.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






