Боздид аз корхонаи заршӯии Апрелевка

Октябрь 28, 2012 18:48

Душанбе, 28 октябр (АМИТ «Ховар»).-Аз шаҳри Истаравшан Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳраки Консойи шаҳри Қайроққум омад. Мардуми шукргузори шаҳраки кӯҳкорони Консой ӯро бо арзи сипосу шодмонӣ аз сиёсати ваҳдатоварӣ ва бунёдкорию созандагӣ бо самимияти баланд истиқбол гирифтанд.Дар шаҳраки Консой Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба корхонаи саноатии Апрелевка, ки бо сармоягузории муштараки ватанӣ ва хориҷӣ аз нав фаъолияти пурсамар ба роҳ мондааст, ташриф овард. Тавре зикр гардид, дар заминаи ин корхонаи дар гузашта овозадор бо сармоягузории муштараки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати канадагии Далф ширкати муштараки истеҳсоли тиллою нуқра бунёд ёфтааст, ки дар он беш аз 850 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мебошанд. 51% саҳмияҳои корхона аз они Ҳукумати Тоҷикистон ва 49% аз ширкати Далфи Канада аст.Тавре иттилоъ дода шуд, ҳоло дар ин корхона солона 450 кг тилло ва 1,5 тонна нуқра истеҳсол карда мешавад. Барои тавсиа додани кор ва зиёд намудани истеҳсоли маҳсулот, аз ҷумла вусъат додани корҳои геологӣ ва аз худ намудани қитъаҳои нави конҳои тиллою нуқра то соли 2015 бояд 100 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ карда шавад. То соли 2015, тибқи нақша бояд истеҳсоли солонаи тилло ба 1 тонна ва нуқра ба 3 тонна расонда шавад. То он вақт шумораи коргарон ба 1200-1300 хоҳад расид. То ҳол барои ташкили хуби истеҳсолот 5 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ шудааст ва то охири соли равон боз 5 миллиони дигар сарф мешавад.Саҳми корхонаи Апрелевка дар ташаккули буҷети давлатӣ намоён аст, зеро танҳо дар 9 моҳи соли равон ба буҷаи давлат 13 миллион сомонӣ андоз супоридааст. Ғайр аз ин барои ободонии шаҳраки кӯҳкорони Консой ҳар сол аз 800 ҳазор то 1 миллион сомонӣ маблағгузорӣ мекунад.Роҳбарияти корхона барои коргарон, ошхонаи зебо, ҳаммом ва дигар иншооти ёрирасон низ бунёд намудааст. Тавре сӯҳбат бо коргарон маълум шуд, маоши онҳо аз 1200 то 2000 сомониро ташкил медиҳад. Роҳбарияти корхона бо дастури Сарвари давлат уҳдадор шуд, ки аз 1 ноябри соли равон маоши коргаронро 30% зиёд намояд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд

Октябрь 28, 2012 18:48

Хабарҳои дигари ин бахш

ХОРУҒ — БОҒШАҲРЕ ДАР ЛАБИ ДАРЁ. Тавсифи ин шаҳр аз нигоҳи Константин Симонов
Пагоҳ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МЕРОСИ МО». Муассисаи фарҳангии ЭКО нахустин ҷашнвораи байналмилалии аксбардории мобилӣ баргузор менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
27 июл дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамкории байналмилалиро бо муассисаҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Шаҳрвандон ва соҳибкорон тавассути ПОС – терминалҳо ва ҳамёнҳои электронӣ 3,7 миллион амалиёти ғайринақдӣ анҷом доданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Имрӯз дар Донишгоҳи техникӣ ва Донишгоҳи аграрӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
24 июл дар Донишгоҳи техникӣ ва Донишгоҳи аграрӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад