Боздиди Э.Раҳмон аз Хадамоти геологии Финландия
Душанбе, 25 октябр (АМИТ «Ховар»).- Худи ҳамин рӯз Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин ба Хадамоти геологии Финландия ташриф оварда, бо таъриху таҷрибаи ғанӣ ва дастовардҳои илмию амалии он аз наздик шинос шуд.Зимни сухбатҳои созанда таъкид гардид, ки бо назардошти захираҳои фаровони маъданҳои кӯҳӣ ва дигар канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон Финландия метавонад бо он ҳамкории пурсамар ба нафъи ҳарду кишвар дошта бошад. Бо қаноатмандӣ аз нахустин натиҷаҳои ҳамкорӣ, ки аз соли 2010 ба ин сӯ ба чашм мерасад, ба густариши бештар ва пурсамари чунин ҳамкорӣ ҳарду ҷониб изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






