Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Габалаи Озарбойҷон
Душанбе,14 октябр. (АМИТ «Ховар»). — Боздиди кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷумҳурии Озарбойҷон аз шаҳри Габала оғоз ёфт.Дар шаҳри Габалаи Озарбойҷон Сарвари давлати Тоҷикистон нахуст аз маҷмааи саноатии корхонаҳои коркарди меваю сабзавоти Jale ва осорхонаи Ҳайдар Алиев дидан кард.Дар маҷмааи саноатии Jale Президент Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо истифодаи технологияи навтарини коркарди меваю сабзавот ва таҷрибаи соҳибкорони пешқадами хусусӣ аз наздик шинос шуда, доир ба роҳҳои ташкил ва густариши ҳамкорӣ дар ин ва дигар самтҳои фоидабахш гуфтугӯи судманд анҷом дод.Тавре зикр гардид, ин маҷмаа бо харҷи 50 миллион евро бунёд ёфтааст ва дар он беш аз 3 ҳазор нафар бо кор таъмин шудаанд. Дар ин ҷо асосан афшураи табиии меваю сабзавот омода ва бастубандӣ мешавад.Дар коргоҳи дигари ин маҷмаа ба меҳмони олимақом ва ҳайати ҳамроҳи ӯ технологияи навтарини нигаҳдории меваю сабзавот дар сардхонаҳо намоиш дода шуд. Чунонки зикр гардид, навъҳои гуногуни мева дар ҳарорати аз 0 то +5 дараҷа ба муҳлати то як сол беосеб нигаҳ дошта мешавад.Дар Маркази Ҳайдар Алиев бошад, Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи аксҳои собиқ Президенти Озарбойҷон, пешвои умумиллии ин кишвар Ҳайдар Алиев дидан кард.Дар ин ҷо аксҳои ин шахсияти маъруфи таърихӣ аз овони кӯдакӣ то мактабхонию донишҷӯӣ ва фаъолияти ӯ дар идораҳои гуногуни собиқ давлати Шӯравӣ ва роҳбариаш дар Озарбойҷони соҳибистиқлол ба намоиш гузошта шудааст. Тавре зикр гардид, мардуми Озарбойҷон ба хизматҳои шоёни Ҳайдар Алиев ҳам дар солҳои ҳокимияти Шӯравӣ, ҳам дар солҳои вазнини пеш аз истиқлолият ба даст овардани ин ҷумҳурӣ ва ҳам дар даврони рушди мустақилли давлат арҷгузорӣ карда, аз ӯ ба унвони наҷотбахши миллати озарбойҷон ёдовар мешаванд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






