Боздиди Уилям Фрейзер аз Тоҷикистон

Октябрь 22, 2012 15:38

Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар»). – Сардори ҳайати фармондеҳони бахши нақлиёти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико генерал Уилям Фрейзер дар ҷараёни сафари сеюмаш ба Осиёи Марказӣ 21 октябр аз Тоҷикистон дидан кард.Генерал Фрейзер ҳангоми сафараш ба Тоҷикистон бо шахсони расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои муҳокимаи масоили амнияти байнисарҳадӣ ва муборизаи зидди маводи нашъаовар мулоқот анҷом дод. Ба гуфтаи генерал Фрейзер, ҳайати фармондеҳони бахши нақлиёти ИМА ба дастгирии субботу амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ омодааст.Дар ин бора аз Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Октябрь 22, 2012 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш