Боздошти ҷавонони ба ҳавопаймоҳо садамаэҷодкунанда
Душанбе, 8 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Як гурӯҳ ҷавонону наврасон аз ҷониби кормандони РВКД шаҳри Душанбе боздошт шуданд, ки онҳо нимашабҳо бо лазери пурқувват ба ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёти ҳавоӣ, тайёраву чархболҳо халал расонида, хавфи сар задани фалокат ва садамаҳои ҳавоиро пеш меоварданд.Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ барои содир намудани ин амали хатарнок шаҳрвандон Мурод Неъматови 20- сола, донишҷӯи соли якуми Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Ҷамолиддин Исматови 15 -сола, хонандаи синфи 9 мактаби таҳсилоти умуми №66 ноҳияи Сино, Шоҳрух Аъзамови 15- сола, хонандаи синфи 9 МТУ №40 ноҳияи Фирдавсӣ, Равшан Мусоеви 17 -сола, хонандаи синфи 11 МТУ №50 ноҳияи Синоро дастгир намуда, аз онҳо ду адад асбоби равшанидиҳандаи лазер мусодира карданд.Инчунин шаҳрванд Холмаҳмад Абдураҳмонови 38- сола, зодаи шаҳри Кӯлоб, сокини шаҳри Душанбе, ки ба ин ноболиғон асбобҳои мазкурро фурухтааст, боздошт шуд.Нисбат ба падару модари ноболиғони мазкур бо талаботи моддаи 90-уми Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пратоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, онҳо барои бемасъулиятиашон нисбат ба таълиму тарбияи фарзанд ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шуданд.Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






