Боздошти 20 шаҳрванди хориҷӣ дар Тоҷикистон
Душанбе, 18 октябр. (АМИТ «Ховар», Сарвинози Руҳуллоҳ)- Дар давоми 9 моҳи соли 2012 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани ҷиноятҳои мухаддиротӣ 20 нафар шаҳрванди хориҷӣ боздошт шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази таҳлилии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ хабар доданд. Тибқи иттилои расида, 10 нафар шаҳрванди хориҷии дастгиршуда аз Афғонистон мебошанд. Ҳамчунин 5 нафар аз Ҷумҳурии Исломии Эрон боздошт гардид. Аз Қазоқистон, Федератсияи Русия, Украина ва Ӯзбекистон низ якнафарӣ бо ҷурми даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт гардидаанд. Шуъбаи тафтишотии Агентӣ тӯли ин муддат аз 89 парвандаи ҷиноии оғозшуда тафтиши 67 парвандаро дар иртибот ба 91 нафар ба анҷом расонида, ба судҳо ирсол кардааст. Ҳамчунин 39 ҷинояти мухаддиротӣ дар ҳайати гуруҳҳо ошкор шудааст ва 6 гумонбар ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ки дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доштанд, боздошт ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд. Судҳои кишвар аз рӯи парвандаҳое, ки дар Агентӣ тафтиш шудаанд, 12 нафарро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, ҷарима бастаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






