Бозгашт аз Токио
Душанбе, 18 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов, раиси Бонки миллии ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Ширинов ва мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ Неъматҷон Бӯриев дар иҷлосияи 66 – уми ҳарсолаи Бунёди байналмилалии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ, ки 12 – 14 октябр дар пойтахти Ҷопон шаҳри Токио баргузор гардид, ширкат доштанд.Тавре ки аз маркази матбуоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳайати Тоҷикистон дар доираи иҷлосия бо намояндагони Бонки аврупоии бозсозӣ ва тавсеъа, Бонки ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ ва Бунёди байналмилалии асъор мулоқотҳои дуҷониба анҷом доданд. Дар ҷараёни мулоқотҳо масоили татбиқи барномаю лоиҳаҳои ҷорӣ, ки бо дастгирии Бонки умумиҷаҳонӣ ва Бунёди байналмилалии асъор дар Тоҷикистон роҳандозӣ мешаванд, мавриди муҳокима қарор гирифта, самтҳои ҳамкории минбаъда баррасӣ мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






