Бунёди боғҳо кам шуд,чаро?
Душанбе, 31 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- То 1-уми октябри соли 2012 дар ҳамаи сохтори хоҷагиҳо 9 ҳазору 178,4 гектар боғи нав бунёд карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 ба андозаи 20,9 фоиз кам аст,- иброз доштанд дар Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар». Ин дар мавридест, ки «Барномаи боғу токпарварӣ» дар кишвар мавриди амал қарор дорад.Аз масоҳати умумии боғҳои бунёдшуда 2 ҳазору 494 гектарро мевагиҳои тухмдор, 5 ҳазору 619 гектарро мевагиҳои донакдор, 768,9 гектарро мевагиҳои мағздор ташкил дод. Дар 9 моҳи соли ҷорӣ ҳамчунин дар масоҳати 292 гектар мевагиҳои субтропикӣ ва дар 3,1 гектар ниҳоли ситрусӣ шинонида шудааст.Аз миқдори умумии боғҳои нав 1938 гектар дар замини лалмӣ ва боқӣ 7 ҳазору 600 гектар дар заминҳои обӣ бунёд гардидааст.То 1-уми октябри соли ҷорӣ ҳамчунин дар масоҳати 741 гектар токзори нав бунёд карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 39,1 фоиз кам аст.Ба хоҷагиҳо муяссар гардид, ки дар ин муддат 2 ҳазору 372 гектар боғ ва 260 гектар токзорро барқарор созанд. Манбаъ аз амалӣ нашудани «Барномаи боғу токпарварӣ», ки чун асоси пешрафти иқтисодиёти хоҷагиҳо дар шароити талаботи бозори ҷаҳонӣ ба нақша гирифта шудааст, изҳори нигаронӣ намуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






