Бунёди боғ аз ҳисоби даромади зардолу
Суғд, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов).-Соҳибкор Аҳмад Алиматов аз ҳисоби даромади тиҷорати зардолу ба хориҷи кишвар дар мавзеи Осиёи Шахаки ноҳияи Ашт 100 гектар замини бекорхобидаро обод ва боғ бунёд менамояд.Барои бунёди боғи нав, ки имсол 90 гектарро дар ин мавзеъ ташкил медиҳад, соҳибкор ва аҳли заҳмати хоҷагии деҳқонии «Мӯъминҷон» барои моҳи ноябр пешбинӣ намудаанд, дар асоси шартнома бо хоҷагии давлатии ниҳолпарварии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 33 ҳазор бех ниҳолҳои анвои ба ҳамин минтақа мувофиқи зардолу ва шафтолу тайёр менамояд.Замини ин мавзеъ бар замми санглох буданаш, дар сари роҳи сели сои Понғоз воқест. Аз ин рӯ бо саҳми соҳибкор ҷалби техникаю қувваи корӣ дар сойи ин мавзеъ барои ба як маҷро равона кардани сел корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ сурат гирифтааст. Баъдан тахту ҳамвор кардану шудгори замин бо плуги плантажӣ асоси бунёди боғ омода шудани ин заминҳост.Ин иқдоми шоиста аз ҳисоби даромади боғҳои мавҷуда ва содироти зардолу ки соли равон зиёда аз 600 тонна истеҳсол карда шуд, амалӣ мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






