Бунёди роҳи мошингард дар ноҳияи Балҷувон
Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон лоиҳаи бунёди роҳи нави мошингард дар амал татбиқ карда мешавад. Сохтмони ин роҳ аз маркази маъмурии ноҳия то ҷамоати Сари Хосор тӯл мекашад.Тавре ки аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, лоиҳаи таҷдиди ин роҳи мошингард ба масофаи 35 километр чандин сол пеш таҳия гардида, вале бино ба кифоят накардани маблағ сохтмони он мавқуф гузошта шуда буд. Имсол барои бунёди он аз буҷаи давлат 500 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






