Бузургдошти забони ноби тоҷикӣ
Бадахшон, 3 октябр. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).-Дар ВМКБ барои таҷлили Рӯзи забони давлатӣ омодагии зиёд мебинанд. Имрӯзҳо дар тамоми муассисаҳои фарҳангию мактабҳо бахшида ба ин санаи фархунда тадбирҳои пумуҳтаво доир мешаванд.Тавре ки аз шӯъбаи фарҳангу раёсати маорифи вилоят хабар доданд, дар кулли муассисоти фарҳангӣ ва макотиби вилоят бахшида ба Рӯзи забон конфронсҳо, байтбаракҳо, вохӯрӣ бо адибону олимон ва қаламкашон баргузор гардид. Дар вохӯрие, ки 2 октябр доир шуд, доктори илмҳои филологӣ,профессор Назрӣ Офаридаев, шоирон Лаълҷубаи Мирзоҳасан, Алидоди Чароғабдол, Гулнисои Атоӣ ва Гулнисои Ризвоншоҳ ширкат варзида, аз бузургдошти забони ноби тоҷикӣ ҳарф заданд. Зикр шуд, ки имрӯз бояд ба омӯзиши забони давлатӣ диққати ҷиддӣ дод, зеро он ҳастии ҳар як соҳибватан аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






