C. Девонаев: Барои муҳоҷирон забондонӣ муҳим аст
Душанбе, 4 октябр. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов). –Имрӯз бахшида ба таҷлили Рӯзи забон дар Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона доир гардид.Зимни баргузории он сардори Хадамоти муҳоҷират Сафиалло Девонаев доир ба мақоми забони модарӣ ва гиромидошти он, рушди забони давлатӣ, омӯзиши забони модарӣ дар Хадамоти муҳоҷират ва комиссияи забон, ки дар Хадамот амал мекунад, сӯҳбат намуд. Дар чорабинӣ супориш дода шуд, ки дар баробари омӯзиши забони модарӣ, омӯзиши забонҳои хоричӣ, аз қабили забони русӣ, англисӣ, кореягӣ, хитоӣ, немисӣ ва арабӣ низ барои кормандони Хадамоти муҳоҷират минбаъд роҳандозӣ шавад. Яке аз самтҳои асосии қабули кормандони хадамоти муҳоҷират дар оянда ҳатман сатҳи забондонии онхо хоҳад буд. Дар ин бора ба АМИТ”Ховар” сардори шӯъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ Абдуллоҳи Кодирӣ иттилоъ дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






