Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Таркиши сахт дар ИталияДушанбе, 2 октябр. (АМИТ «Ховар»).-Ба гуфти расонаи хабарии Би-Би-Си дирӯз дар музофоти Бриндизи Италия таркиш ба амал омад. Кормандони Вазорати корҳои дохилии мамлакат марди 69- соларо, ки дар ин ҳодиса гумонбар дониста мешуд, дастгир намуданд.Тафтишот маълум намуд, ки ў барои қассос гирифтан аз як мансабдори кишвар ба чунин амал даст задааст. Бояд гуфт, ки ҳодисаи мазкур дар мактаби байналмилалии ҷумҳуриявӣ ба амал омадааст. Бар асари таркиш 1 нафар хонанда ба ҳалокат расида, 10 каси дигар ҷароҳати гуногун бардоштаанд. Ғайб задани рамзҳои интернетии «Линкедин»Душанбе, 2 октябр. (АМИТ «Ховар»).- Сомонаи иҷтимоии «Линкедин» дар бораи ғайб задани рамзҳои гуногуни интернетӣ ба мизоҷонаш хабар дод. Мутахассисони соҳа маълум кардаанд, ки дар интернет қариб 6 миллион хабари истифодабарандагони сомонаи «Линкедин» паҳн карда мешуд. Қаблан ин сомона дар байни нафароне, ки хоҳиши шинос шуданро доштанд, сернуфузтарин сомона ба шумор мерафт. Дар айни ҳол аз сомонаи иҷтимоии «Линкедин» 1,5 миллион мизоҷ истифода мебарад.Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






