Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Намоиши технологияи муосири Амрико Душанбе, 4 октябр. (АМИТ «Ховар»).-Бори дуюм аст, ки дар шаҳри Лос-Анҷелеси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико намоиши анъанавии техникаю технологияи муосири замонавӣ доир мегардад,ки дар он аз ҷумла компютер ва барномаҳои компютерӣ ба маърази тамошо гузошта мешаванд. Ба гуфти расонаҳои хабарии кишвар дар ин чорабинӣ беш аз 50 ширкати ватанӣ барномаҳои нави худро пешкаши тамошобинон менамоянд. Чорабинӣ тӯли 3 рўз давом намуда, аз он зиёда 40 ҳазор нафар дидан хоҳад кард. Назарсанҷишҳои омории Британияи Кабир Душанбе, 4 октябр. (АМИТ «Ховар»).-Хадамоти миллии омори Британияи Кабир дар натиҷаи назарсанҷишҳо муайян кард, ки дар нуҳмоҳаи соли равон иқтисодиёти кишвар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 0,3 дарсад коҳиш ёфтааст. Британияи Кабир дуввумин иқтисоди бузурги Аврупо ба ҳисоб меравад. Ин дар ҳолест, ки дар ҳисоботи солона низ коҳиш ба қайд гирифта шудааст. Чунин вазъияти иқтисодӣ аз соли 2009 – ум инҷониб бори аввал рух медиҳад. Роҳбарияти «Бонки Англия» мегўяд, ки хатари асосӣ барои мувозинати иқтисодии кишвар- ин бўҳрони қарзии минтақаи еврост. Рад шудани шикояти «Мастеркард» Душанбе, 4 октябр. (АМИТ «Ховар»).-Додгоҳи Иттиҳоди Аврупо, ки дар Люксембург ҷойгир аст, шикояти роҳбарияти сохтори пардохтии «Мастеркард»- ро дар бораи фаъолияти Хадамоти зиддиинҳисории қаламрав рад кард. Соли 2007 – ум Брюссел «Мастеркард» ва рақиби асосии ў «Виза Европа» — ро вазифадор намуда буд, ки гирифтани ҳаққи хизматро барои интиқоли пул аз як кишвари Аврупо ба дигараш бекор кунад. Сокинони Иттиҳоди Аврупо низ ҳамасола тавассути ин намуди хизматрасониҳо 23 миллиард маротиба аз кортҳо истифода мебаранд, ки маблағи умумии он 1,5 триллион евроро ташкил медиҳад. 45 дарсади сокинони Аврупо аз кортҳои «Мастеркард» истифода мебаранд.Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






