Чанд хабар аз хориҷи кишвар

Октябрь 5, 2012 17:03

Борони сахт дар Магадан Душанбе, 5 октябр. (АМИТ «Ховар»).-Дар вилояти Магадани Федератсияи Русия ҳолати фавқулодда эълон гардидааст. Гуфта мешавад, ки дар ин минтақа дар давоми чанд шабонарўз борони сахт борида, обхезиро ба амал оварда, шоҳроҳе, ки деҳаҳои дурдастро бо маркази ноҳия мепайваст, пурра зери об мондааст. Мувофиқи маълумоти расида 60 километр роҳ пурра хароб гардида, даҳҳо нақлиёт аз ҳаракат бозмондаанд. Кормандони Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар дар минтақаҳои аз офати табиӣ зарардида мардумро ба ҷойҳои бехавф мекӯчонанд. Вазорати нақлиёт дар айни ҳол корҳои барқарорсозии роҳҳои валангорро шурўъ намудааст.Ширкати «Раен-Эйр»-и Олмон чаро айбдор шуд? Душанбе, 5 октябр. (АМИТ «Ховар»).-Намояндагони иттифоқҳои касабаи Олмон сарнишинони ширкати ҳавопаймоии «Раен-Эйр»-ро барои таъмини нокофии ҳавопаймоҳо бо сўзишворӣ ба хотири сарфаҷўӣ айбдор кардаанд. Ба гуфти расонаҳои хабарии кишвар тафтишот вобаста ба ин ҳодиса охири моҳи июл оғоз гардида буд. Бояд қайд кард,ки аз сабаби нарасидани сўзишворӣ се ҳавопаймои ширкати мазкур дар шаҳри Валенсияи Испания оҷилан фуруд омада буд. Ин амал боиси нигаронии ҳукуматдорони Олмон гардидааст.Мубориза байни ду ширкати истеҳсолкунандаи техника Душанбе, 5 октябр. (АМИТ «Ховар»).- Мубориза байни ду ширкати истеҳсолкунандаи техникаи маишиву электронӣ- «Самсунг» ва «Эппл» тӯли 3 сол аст, ки идома дорад. Ба иттилои Би-Би-Си чанд вақт шуд, ки ширкати Кореяи Ҷанубӣ фурўши компютерҳои планшетии «Гэлекси Ноут»-ро оғоз бахшидааст. Компютер бо протсессори чорядроӣ, 2 гигабайт хотираи фаврӣ, инчунин стилус, ки имконияти якбора бо ду барнома кор карданро медиҳад, муҷаҳҳаз аст. Таҳлилгарон қайд мекунанд, ки ширкати «Самсунг» тавассути «Гэлекси Ноут 10.1» метавонад ба рақиби амрикоиаш наздик шавад. Аммо феълан ширкати «Эппл», ки ҳиссаи фурўши компютерҳои планшетиаш дар ин бозор 64 дарсадро ташкил мекунад, пешсаф аст. Ҳиссаи «Самсунг» ҳамагӣ ба 10 дарсад баробар мебошад.Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ

Октябрь 5, 2012 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд