Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Тазоҳуротгарои дар Париж Душанбе, 11 октябр. (АМИТ «Ховар»).- Мувофиқи маълумоти расонаи хабарии Би-Би-Си ҳафтаи равон дар шаҳри Парижи Фаронса ҳазорҳо нафар сокинони касбу кори гуногун ба кўчаю хиёбонҳо баромада, дар робита ба афзоиши сатҳи бекорӣ дар мамлакат намоиши эътирозӣ доир намуданд. Тазоҳуротчиён аз ҳукуматдорон ва кормандони парлумони кишвар талаб доранд, ки онҳоро бо ҷойи кори доимӣ ва шароити хуби меҳнат таъмин намоянд. Ҳаҷми андоз дар Португалия боло меравад Душанбе, 11 октябр. (АМИТ «Ховар»). -Ҳукуматдорони Португалия тасмим гирифтаанд, ки ҳаҷми андозро баланд бардоранд. Сабаб дар он аст, ки нархҳо дар Португалия 8,11 дарсад боло рафтаанд. Тибқи барномаи нави зиддибуҳронӣ ҳукуматдорони мамлакат хароҷоти буҷаро коҳиш дода, ҳаҷми андозро боло мебардоранд. Вале ин иқдоми ҳукуматдорон боиси нигаронии сокинони кишвар гардида, онҳо дар маркази пойтахти кишвар- шаҳри Лиссабон ҷамъ омада, гирдиҳамоӣ ва намоишҳои эътирозӣ доир карданд. Ба гуфти сокинон ба ҷои он, ки ҳукуматдорони мамлакат дар чунин шароити душвори молӣ ба онҳо кўмак расонанд, баръакс мушкилоти онҳоро дучанд мекунанд. Тибқи қарори нав ҳаҷми андоз аз 9,8 то 11,8 дарсад боло бардошта мешавад. Нишасти Созмони байналмилалии тандурустӣ дар МисрДушанбе, 11 октябр. (АМИТ «Ховар»).- Дар шаҳри Қоҳираи Миср 58-умин нишасти Созмони байналмилалии тандурустӣ ба кори худ шуруъ кард. Дар ҳамоиш, ки 4 рўз идома ёфт, масъалаҳои мубрами соҳаи тибби ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Иштирокчиёни семинар дар рўзи аввали ҳамоиш тасмим гирифтанд, ки як барномаи 5 соларо ҷиҳати расонидани кўмаки тиббӣ ба кишварҳои қашшоқ тарҳрезӣ намоянд. Дар нишаст вазирони тандурустии кишварҳои Осиёи Миёна ва намояндагони созмонҳои байналмилалии кўмакрасон иштирок доштанд. Иштирокчиён ба масъалаи фавти кўдакони ноболиғ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ дахл карданд. Дар ҳамоиш зикр шуд, ки чанд кишвари аъзои созмони тандурустӣ низ ба ин мушкилот мувоҷеҳанд.Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








ХОРУҒ — БОҒШАҲРЕ ДАР ЛАБИ ДАРЁ. Тавсифи ин шаҳр аз нигоҳи Константин Симонов
Пагоҳ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МЕРОСИ МО». Муассисаи фарҳангии ЭКО нахустин ҷашнвораи байналмилалии аксбардории мобилӣ баргузор менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамкории байналмилалиро бо муассисаҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Шаҳрвандон ва соҳибкорон тавассути ПОС – терминалҳо ва ҳамёнҳои электронӣ 3,7 миллион амалиёти ғайринақдӣ анҷом доданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад






