Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Таҷлили дастовардҳои кайҳоннавардон дар Русия Душанбе, 18 октябр. (АМИТ «Ховар»).- Назар ба иттилои расонаи хабарии «Rassian Today.news» ҳар сол дар Русия дар моҳи октябр рўзи дастовардҳои кайҳонавардонро таҷлил мекунанд. Боиси қайд аст, ки 55 сол қабл аввалин радифи сунъиро аз Иттиҳоди Шўравӣ ба кайҳон фиристода буданд. Дастгоҳи мазкур 1500 маротиба атрофи заминро давр задааст. Ба гуфти сардори раёсати илм, техника ва технологияи муосири Академияи илмҳои ҷумҳурӣ амалиёти мазкур дар тамоми ҷаҳон шуҳрати беандозаро соҳиб гашт. Дар вақти гузаронидани мавҷҳои радиоии радифи маснуъи мазкур, олимон қабати болии фазоро мавриди таҳқиқ қарор медоданд. Ин рўйдодро дар тамоми ҷаҳони муосир аз воқеаҳои бузургтарини таърихӣ меҳисобанд.Таркиш дар Кунари Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Душанбе, 18 октябр. (АМИТ «Ховар»).-Дар вилояти Кунари Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар натиҷаи таркиши сахт 3 нафар ба ҳалокат расида, чанд тани дигар ҷароҳати гуногун бардоштанд. Ба гуфти сардори матбуоти Вазорати корҳои дохилии кишвар ҳалокшудагон ҳама узви як оила буда, дар роҳ ба сӯи кор равона будаанд. Бояд қайд кард, ки таҷҳизоти таркандаро тавассути дастгоҳи идоракунандаи фосилавӣ ба кор даровардаанд. Аз ҷониби кӣ ва бо кадом мақсад содир шудани амали террористӣ то ҳол маълум нест.Фурўши молҳои чакана дар кишварҳои минтақаи евро Душанбе, 18 октябр. (АМИТ «Ховар»).- Фурўши молҳои чакана дар кишварҳои минтақаи евро дар моҳи августи соли равон 0,1 дарсад афзоиш ёфтааст. Мутобиқи маълумоти шабакаи телевизионии «Алҷазира»-и давлати Қатар сабаб дар он аст, ки дар мавсими тобистон бештари аврупоиҳо ба рухсатии меҳнатӣ баромада, бо мақсади истироҳат бештар маблағҳои худро масраф мекунанд. Вале дар асл буҳрони шадиди молӣ ҳанўз якчанд давлати Аврупоро ранҷ медиҳад. Ба гуфти коршиносони соҳаи иқтисодӣ ҳаҷми фурўши молу маҳсулот дар Олмону Португалия мутаносибан 0,8 ва 6 дарсад коҳиш ёфтааст.Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад






