Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Дар Амрико 14,9 миллион автомобили нав ба савдо рафтДушанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар»).- Мувофиқи расонаи хабарии «Hamshari News» моҳи сентябри соли равон дар ИМА 14,9 миллион автомобили нав ба савдо рафт. Ба гуфти директори корхонаи мошинсозии «Ҷенерал Моторс» аз моҳи марти сои 2008-ум чунин тиҷорат дар Амрико бори аввал рух дод. Дар маҷмуъ фурўши мошинҳо 13 дарсад афзоиш ёфтааст. Вале дар муқоиса ба бозори кишварҳои аврупоӣ дар ин ҷо фурўши нақлиёт 12 дарсад кам гардидааст. Ба ақидаи коршиносон тайи чанд моҳи охир иқтисодиёти Амрико рў ба рушд овардааст. Дар ҳамин замина талабот ба молу маҳсулоти гуногун боло рафт. Аз ҷиҳати фурўши мошин дар ИМА ширкати соҳавии «Ҷенерал Моторс» бо фурўши 210 ҳазор мошин мақоми аввалро гирифт. Ширкати «Тойота»-и Япония дар ҷойи дуюм қарор дорад.Ҳамлаи ногаҳонӣ дар вилоятҳои АфғонистонДушанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар»).- Тибқи иттилои BiBiSi News ҳафтаи равон нерўҳои ҳарбӣ-ҳавоии ИМА бо истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин ба вилоятҳои Лағмон ва Ҳироти Афғонистон зарба заданд, ки бар асари он дар вилояти Лағмон 4 кас ва дар Ҳирот 3 нафар қурбон шуд. Ба гуфти муовини вазири корҳои дохилии кишвар ҳадафи асосии ҳамлаҳо дарёфти паноҳгоҳи аъзои ҷунбиши «Толибон» буд. Вале дар натиҷаи ҳамлаи навбатӣ боз сокинони осоишта қурбон гардиданд. Гуруҳи ҷинояткор дастгир шудДушанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар»). — Дар Ҷумҳурии Ингушистони Федератсия Русия кормандони Хадамоти таъиноти махсус ва ситоди зудамали Вазорати корҳои дохилӣ баъди гирифтани маълумоти фаврӣ маҳали будубоши як гуруҳи муташаккили ҷиноятпешаро муҳосира карданд. Ҷинояткорон, ки дар як манзили истиқоматӣ паноҳ мебурданд, талаби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар хусуси таслим шудан рад намуданд. Дар натиҷаи тирпарронии мутақобила 4 корманди таъиноти махсус ба ҳалокат расида, 2 каси дигар захмӣ шуд. Ҳафтаи гузашта дар шаҳри Буйнакси Доғистон бар асари чунин даргирӣ 2 корманди ҳифзи ҳуқуқ захмӣ шуда, якеаш дар роҳ ва дигараш дар беморхона ба ҳалокат расида буд. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






