Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Шиору овезаҳо дар Рим Душанбе, 23 октябр. (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи маълумоти расонаи хабарии Hamshari News ҳафтаи равон дар болои боми яке аз биноҳои пойтахти Италия- шаҳри Рим шиору овезаҳое ҷо дода шудаанд, ки дар онҳо аз сиёсати иқтисодии ҳукуматдорон бо сарварии Марио Монтӣ интиқод карда мешуд. Дар овезаю шиорҳо «Ҳукуматдорон, кўмаки худро ба камбағалон расонед!», «Бояд Монти ба истеъфо равад», «Нест бод Аврупо, ширкатҳои ғоратгар нобуд шаванд» ва амсоли инҳо навишта шуда буд. Ин шиору овезаҳо аз ҷониби соҳиби яке аз қаҳвахонаҳои минтақаи наздисоҳилӣ- Марчелло Ди Финитсио, ки аз буҳрони шадиди молии Италия сахт азият мекашид, матраҳ шуда буд. Ҳарчанд кормандони мақомоти полис ва наҷотдиҳандагон кўшиш мекарданд, ки онро ба поён фароранд, аммо номбурда аз кўмаки онҳо даст мекашид. Қарори нави ҳукуматдорон дар бораи ворид кардани ислоҳот дар соҳаи андози кишвар боиси нигаронии тоҷирон гардидааст, зеро тибқи он ҳаҷми андоз барои соҳибкорон баланд бардошта мешавад. Арзиши пастравии нафт дар биржаҳои ҷаҳонӣ Душанбе, 23 октябр. (АМИТ «Ховар»).- Дар торномаи Rassian News навишта шудааст, ки арзиши нафт дар биржаҳои молу ашёи ҷаҳонӣ рўзҳои охир тамоюли пастравӣ касб кардааст. Тибқи натиҷагирии охирин дар бозорҳои гуногуни ҷаҳон арзиши нафти навъи «Лайт-свит» чанд муддат 3 доллару 75 дарсад коҳиш ёфта буд. Вале дар айни ҳол низ нархи он 10-20 сент барқарор карда шуд. Дар ҳамин ҳол коршиносони соҳа вақтҳои наздиктарин кам шудани талабот ба нафт ва маводи сўзишвориро дар Аврупову Ҷумҳурии Мардумии Чин пешгўӣ мекунанд. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






