Чанд хабар аз хориҷи кишвар

Октябрь 29, 2012 16:58

Талабот ба нафт дар давлатҳои Осиё Душанбе, 29 октябр. (АМИТ «Ховар»).- Мувофиқи расонаи хабарии BiBiSi News талабот ба нафт дар давлатҳои Осиё ҳамоно афзоиш меёбад. Иштирокчиёни ҳамоиши Авруосиё- «Казэнерҷи», ки дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор гардид, аз афзудани содироти нерўи барқ ба Чин ишора намуданд. Аммо дар кишварҳои Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба истифодаи оқилонаи нерўи барқ бартарӣ дода, аз сарфа кардани он кор мегиранд. Ба гуфти баъзе коршиносон иқтисодиёти Чин дар соли равон 7-8 дарсад афзоиш хоҳад ёфт. Дар ин замина роҳбарони давлатҳо низ барои рушди иктисодиёти худ бояд чораҳои қатъӣ андешанд. Дар айни ҳол Чин аз ҷиҳати истеъмоли нафт дар ҷаҳон мақоми дуюмро ишғол менамояд. Яке аз давлатҳое, ки бештари тиллои сиёҳро ба ин мамлакат содирот мекунад, Арабистони Саудист. Ба гуфти сардори раёсати ангишт ва канданиҳои қиматбаҳои Вазорати энерҷии Ҷумҳурии мардуми Чин дар ин рўйхат Ангола низ шомил аст. Задухӯрд миёни сарбозони Сурия ва Туркия Душанбе, 29 октябр. (АМИТ «Ховар»).- Дар минтақаи сарҳадии Тел Абайди Сурия миёни сарбозони Сурия ва Туркия то ҳол задухўрд идома дорад. Тавре ки расонаи хабарии Hamshari.News иттилоъ медиҳад, дар вақти задухӯрд 5 сарбози Сурия ба ҳалокат расида, чанд тани дигар ҷароҳати гуногун бардоштанд. Аз сарбозони Туркия низ зиёда аз 12 тан ба ҳалокат расида, 40 каси дигар бо ҷароҳати гуногун ба беморхона интиқол дода шудаанд. Вале то ҳол сабаби сар задани чунин ҳодисаи мазкур муайян нашудааст. Дар айни ҳол тамоми кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар дар ҷойи ҳодиса фаъолият доранд. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ

Октябрь 29, 2012 16:58

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд