Чаро ҷудошавии оилаҳои ҷавон зиёд аст?
Хатлон, 31 октябр. (АМИТ «Ховар», Меҳрубон Сатторова). –Дар вилояти Хатлон чудошавии оилаҳои ҷавон афзоиш меёбад. Раиси суди ноҳияи Ҷиликул Латофат Ҷаъфарова оид ба ҷудошавии оилаҳои ҷавон изҳори нигаронӣ намуда, гуфт, ки: «Ҷудошавии оилаҳо имсол нисбат ба соли гузашта зиёд аст. Парвандаҳои оилавие, ки баррасӣ мешаванд ва ақди никоҳашон бекор карда шудааст, соҳибонашон ҳамагӣ аз 6 моҳ то 1 сол зиндагӣ кардаанду халос ва синни занон аз 20 то 21- сола мебошанд. Сабаб аз уҳдаи кор ва ҳурмати тарафайн набаромадани ҷавонзанон нишон дода шуда, занон ҳамагӣ то синфи сеюм ё панҷум дар мактаби миёна таҳсил кардаанд». Ба андешаи Латофат Ҷаъфарова агар ин гуна занону мардон босавод мебуданд, оилаи худро муқаддас медонистанд. Аз ҷумла, агар дар ноҳияи Бохтар ҷудошавии оилаҳо дар соли 2011 138- то бошад, дар 9 моҳи соли равон ақди никоҳи 128 оила бекор шудааст. Раиси суди ноҳияи Бохтар Сироҷиддин Сайдалиев иброз дошт, ки онҳо барои гирифтани пеши роҳи ин мушкилот аз рӯи нақша дар байни аҳолӣ корҳои тарғиботиро зиёд намудаанд. Аммо ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ҷудошавии оилаҳои ҷавон хеле зиёд ба чашм мерасад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






