Чопи офсетӣ дар «Юнион Ресурсес»
Суғд, 18 октябр. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов).-Дар асоси дастуру нишондодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд корхонаҳои нав таъсис меёбанд, хатҳои нави технологӣ ворид шуда, мавриди истифода қарор мегиранд.Бо иқдоми соҳибкор Юсуф Усмонов коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти миллии хӯрокӣ ба роҳ монда шуд. Дар ин коргоҳ то 10 намуд маводи ғизоии оддӣ тайёр мешавад ва 65 нафар зану духтари маҳаллӣ соҳиби ҷои кори доимӣ гардид.Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Оби Ширин» 8 намуд маҳсулот, аз қабили оби маъданӣ, нӯшобаҳо ва нӯшокиҳо бо полоиши 5 зинагӣ ба таври автоматӣ истеҳсол мешавад.Аз ҷониби муассисон Дилафрӯз ва Муқаддас Раҷабоваҳо дар ҳамкорӣ бо ширкати амрикоии «Юнион Ресурсес» кори чопи офсетии ду давлат ба роҳ монда шудааст. Асоси чунин дастовард вориду ҷорӣ намудани технологияи пешрафтаи ҷаҳонии чоп мебошад.Дар ширкати «Хорои Хуҷанд» истихроҷи санги хорои кони куҳи Мевағул ва коркарду истеҳсоли маводи сохтмониву ороишӣ ба роҳ монда шуд. Барои ин аз се таҷҳизоти муосири сангбурӣ ва 5 таҷҳизоти суфтакунӣ истифода мешавад.Аз оғози соли равон 4 корхонаи навтаъсиси шаҳри Хуҷанд – ҷамъиятҳои «Юбити принт», «Оби Ширин», «Дилписанд» ва «Хорои Хуҷанд» ба буҷаи давлатӣ наздики 800 ҳазор сомонӣ андоз ворид намудаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






