Чор майдони варзишӣ дар пойтахт
Душанбе, 4 октябр. (АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова). – Тавре ки аз мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар доданд, раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев барои барқарор намудани чор майдони муосири варзишӣ, ки дар ноҳияи Синои пойтахт ҷойгиранд, санади онро қабул ва тасдиқ намуд.Ин майдонҳои варзишӣ дар кӯчаҳои Зарафшон М5, 11 (хароҷот 204 ҳазор сомонӣ), Шерализода 148 (хароҷот 434 ҳазору 864 сомонӣ), Ғафуров 46/3 (хароҷот 269 ҳазору 550 сомонӣ) ва кӯчаи Маяковский (хароҷот 1 млн. 894 ҳазору 150 сомонӣ) ҷойгир шудаанд. Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки ин майдонҳои варзишӣ дар ояндаи наздик бо тарҳи нав ба истифода дода мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






