Чорабиниҳои пешакӣ дар Хоруғу Ишкошим
Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Кормандони Агенти назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи чорабиниҳо ҷиҳати ҷилавгирии нашъамандӣ ва роҳ надодан ба паҳншавии маводи нашъаовар дар ҳудуди ВМКБ бо донишҷӯёни коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ, ҳамчунин сокинони маҳалла ва хонандагони макотиби миёнаи таҳсилоти умумии деҳаи Қозидеҳи ноҳияи Ишкошим вохӯрданд.Мувофиқи хабари маркази матбуоти Агенти назорати маводи нашъаовари кишвар, сардори шӯъбаи назорати гардиши маводи нашъаовар ва ҷилавгирии нашъамандии Агентӣ Алишер Ташрифов ба ҳозирон аз вазъи маводи нашъамандӣ дар кишвар, ҷиноятҳои марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дидани чораҳо ба манзури пешгирии паҳншавии он дар байни сокинони кишвар маълумот дод.Назар ба хабари манбаъ, ин чорабиниҳо идома доранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






