Дархости расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон
Душанбе, 18 октябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Федератсияи футболи Тоҷикистон барои дар кишварамон гузаронидани қисми ниҳоии мусобиқоти Ҷоми сабқати Конфедератсияи футболи Осиё дархости расмӣ дод. Кишварҳои Малдив, Филиппин ва Ҳиндустон низ барои дар кишварҳояшон гузаронидани ин мусобиқот дархост додаанд.Мусобиқоти ниҳоӣ барои дарёфти Ҷоми сабқат моҳи марти соли 2014 баргузор гардида ва ғолиби он барои иштирок дар мусобиқот ҷиҳати дарёфти Ҷоми Осиё – 2015 дар Австралия роҳхат мегирад. Хотирнишон месозем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон аввалин ғолиби мусобиқот барои дарёфти Ҷоми сабқати Конфедератсияи футболи Осиё мебошад, ки соли 2006 дар Бангладеш баргузор шуда буд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






