Дарёфти 8 килло афюн
Душанбе, 24 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода).- 24 октябри соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврию ҷустуҷӯӣ дар истгоҳи роҳи оҳани вилояти Суғд сокини ноҳияи Румӣ Сафармаҳмад Ғоибназарови 27-сола ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор дастгир шудааст. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ доданд, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз дохили борхалтаи номбурда маводи нашъадори навъи афюн, вазнаш 8 килою 607 грамм дарёфт ва мусодира шудааст. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






