Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Урдун рафт
Душанбе, 15 октябр. (АМИТ «Ховар»). – Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар бозиҳои интихобии мусобиқоти Осиё ба Урдун рафт. Футболбозони тоҷик бори нахуст дар бозиҳои интихобии мусобиқоти Осиё иштирок мекунанд. Варзишгарони кишварамон дар гурӯҳи «В» барои баромадан ба даври дуюм бо дастаҳои мунтахаби Урдун, Эрон ва Фаластин қувваозмоӣ мекунанд. Ин бозиҳо аз 18 то 22 октябр дар пойтахти Урдун шаҳри Уммон баргузор мешаванд.Хотирнишон месозем, ки фақат ду дастаи беҳтарини гурӯҳ ба даври дуюми бозиҳои интихобӣ роҳхат пайдо мекунад, ки ин бозиҳо аз 1 то 9 декабр дар Ветнам баргузор мешаванд.Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






