Дастурҳои Президенти мамлакат дар Рӯзи забони давлатӣ
Душанбе, 24 октябр. (АМИТ «Ховар» , Зарангез Латифова).- Дар ҷаласаи тантанавӣ, ки бахшида ба Рӯзи забони давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон 4-уми октябри соли ҷорӣ дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон доир гардид, аз ҷониби сарвари мамлакат ба масъулини вазорату корхонаҳо як қатор дасттуру супоришҳо дода шуд. Аз ҷумла, барои нашри «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» барои нимсолаи аввали соли 2013 ба Вазорати молияи ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода шуд. Инчунин ба роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дар сатҳи зарурӣ донистани забони давлатӣ, таҷдид ва такмили усули таълими забони давлатӣ дар мактабҳои таҳсилоти миёна, касбӣ ва олии ҷумҳурӣ ва баланд бардоштани масъулияти падару модар, бахусус модарон дар забономӯзии кӯдакон ба Вазорати маорифи ҷумҳурии Тоҷикисон , андешидани тадбирҳои мушаххас барои ба таълим фаро гирифтани духтарону бонувон ба Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон , Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон , мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ , назорати танзими истилоҳот дар тамоми соҳаи забони давлатӣ ба Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳо дода шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






