Дидори масъулин бо ҳоҷиёни тоҷик
Душанбе, 16 октябр. (АМИТ «Ховар»,Дилшодаи Хайруллоҳ). – Дар доираи сафари мудири шуъбаи фарҳанги дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Пиров ва раиси Кумитаи корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқов ба шаҳри Маккаи мукаррамаи Арабистони Саудӣ, ки тибқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад, онҳо аз ҳар як утоқи меҳмонхона дидан карданд. Ҳангоми дидор аз ҳоли меҳмонони хонаи Худо бохабар шуданд. «Ман аз шумо хоҳиш менамоям, ки дар ин айёми пурбаракат ва иҷобати дуоҳо барои кишвари азизамон Тоҷикистон дуои нек намоед»,- изҳор дошт раиси Кумитаи дин Абдураҳим Холиқов. Ӯ ҳангоми ошноӣ бо шароити ҳоҷиёни тоҷик дар Маккаи мукаррама, аз сифати таом ва хӯроки онҳо аз наздик ошно гашта, хоҳиш намуд, ки барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳо пешниҳоду дархостҳои хешро дареғ надоранд. Мудири шуъбаи фарҳанги дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон Маҳмадсаид Пиров, ки барои назорати зоирини тоҷик Раиси Кумитаи корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқовро ҳамроҳӣ мекард, аз шароити иқомати онҳо дар меҳмонхонаҳои шаҳри Макка ва рафту баргашти онҳо ба хонаи Худо тавассути нақлиёт суол намуд. Вай ҳамчунин бо чанд нафар аз рӯзноманигорони рӯзнома ва Агентиҳои хабарии хусусӣ, аз ҷумла Агентии хабарии «Авесто» вохӯрда, аз онҳо дархост намуд, ки барои пешрафти кор таклифу пешниҳод ва камбудиҳоеро, ки аз назари онҳо қобили қабул нестанд ба ситоди «Ҳаҷ- 2012», ки бар уҳдаи Кумитаи корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, пешниҳод намоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






