Доруи зуком ба марг мебурдааст!

Октябрь 17, 2012 14:59

Душанбе, 17 октябр. (АМИТ «Ховар», Руқия Гадоалиева). – Табибони амрикоӣ тавсия медиҳанд, ки ба кӯдакони то синни чорсола доруҳои зидди бемории зуком дода нашавад, зеро истеъмоли дору ба саломатии кӯдакон таъсири манфӣ мерасонад. Онҳо мегӯянд истеъмоли ҳар гуна доруворӣ ҳангоми бемории зуком ба саломатии кӯдаки зери чаҳорсола зарари дучанд мерасонад. Ҷанет Сервинт, табиби амрикоӣ гуфтааст, ки пас аз истеъмоли доруворӣ суръати набзи кӯдакон ба таври назаррас зудтар ва фишори хуни онҳо баланд мешавад. Табибони амрикоӣ ҳамчунин гуфтаанд, ки бе тавсияи табибон истеъмол кардани доруворӣ ҳатто ба кӯдакони шашсола низ таъсири манфӣ мерасонад. Онҳо таъкид доштаанд, ки ин пешниҳоди онҳо бо як пажуҳиши гузаронидаашон асоснок шудааст. Пажуҳишгарон зимни пажуҳиши худ муайян намудаанд, ки доруҳои зидди зуком бештар ба кӯдакони дусола ва сесола зарар мерасонанд, вале ба саломатии калонсолон низ таъсир хоҳанд гузошт. Бинобар ин бархе аз онҳо бар ин назаранд, ки истифодаи доруҳои зидди бемории зуком ҳатто барои кӯдакони то 12-сола мамнуъ эълон шавад. Алъон табибон барои бартараф сохтани зуком ва бемориҳои шадиди нафаскашӣ истеъмоли асалро тавсия медиҳанд. Дар ин бора сомонаи doctor.com хабар додааст.

Октябрь 17, 2012 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард