Душанбе мизбони Минтақаҳои озоди Эрон
Душанбе, 19 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар нахустин намоишгоҳи «Тавонмандиҳои минтақаҳои озоди иқтисодии Эрон», ки муддати чор рўз дар Душанбе идома дошт, шаш минтақаи озоди ин кишвар- Чобаҳор, Сарахс, Кеш, Арас, Анзалӣ дастовардҳои худро ба маърази тамошо гузоштанд. Аббос Баёнӣ –масъули бахши иқтисод ва тиҷорати Сафорати Эрон дар Душанбе мегўяд, ки ҳадаф аз созмон додани намоишгоҳи «Тавонмандиҳои минтақаҳои озоди иқтисодии Эрон» дар Душанбе тақвияти рушди ҳамкориҳои ҳар ду кишвар дар бахши иқтисод ва тиҷорат аст. Баргузории нахустин намоишгоҳи минтақаҳои озоди иқтисодии Эрон дар «Хонаи Эрон», воқеъ дар Душанбе соли гузашта зимни сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Эрон ва мулоқоти ў бо Президенти Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод дар Теҳрон матраҳ гардида буд, меафзояд Баёнӣ. Мавсуф зикр кард, ки дар доираи баргузории намоишгоҳ як ҳайати соҳибкорони эронӣ ба Тоҷикистон омаданд ва ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо тоҷирону соҳибкорони тоҷик вохўриҳо анҷом доданд. Онҳо ҳамзамон аз корхонаҳои саноатии шаҳрҳои Душанбею Қўрғонтеппа боздид намуданд. Ва бо назардошти омўзиши шароит ва фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон имкон доранд дар доираи татбиқи барномаҳои худ ба иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ намоянд. Аббос Баёнӣ гуфт, ки алҳол ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ байни ду кишвар дар сатҳи баланд қарор дошта, гардиши мол байни ду давлат нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30% афзудааст. Дар соли 2011 мубодилаи тиҷоратӣ байни Тоҷикистону Эрон беш аз 400 миллион долларро ташкил дода буд. Дар Тоҷикистон бахши хусусии Эрон фаъол буда, ҳудуди 70 корхонаи муштараки саноатӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, паррандапарварӣ, пизишкӣ ва соири бахшҳо фаъолият доранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






