Эмомалӣ Раҳмон: «Бунёдкориро вусъат медиҳем»
Шаҳристон, 27 октябр. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим, Дилшодаи Хайруллоҳ) — «Алҳол дар кишвар 57 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз нӯҳ миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодаанд. Дар назар аст, ки дар солҳои наздик як қатор лоиҳаҳо дар ин самти фаъолиятамон амалӣ гардида, дар баробари идома додани бунёди иншооти муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ садҳо километр роҳҳо ва нақбу пулҳо таъмиру таҷдид ва сохта хоҳанд шуд» Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба муносибати ифтитоҳи расмии нақби «Шаҳристон» иброз намуд. Ба гуфтаи Президент чун Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадан аз бунбасти коммуникатсиониро яке аз се ҳадафи стратегии худ қарор додаст, аз ин рӯ дар самти расидан ба ин мақсад ҳамоно бунёдкориву созандагиро идома хоҳад дод. Эмомалӣ Раҳмон бунёди нақби «Шаҳристон»- ро василаи эҳёи роҳи абрешим унвон карда, изҳори итминон намуд, мавриди истифода қарор гирифтани нақби «Шаҳристон» ҷиҳати боз ҳам боло рафтани сатҳу сифати рӯзгори аҳолӣ, рушди устувору босуботи бахшҳои иқтисодии кишвар нақши арзанда хоҳад гузошт. Сарвари давлат дар поёни суханронии худ ба анҷом расидани сохтмони роҳи мошингарди Душанбе – Истаравшан — Хуҷанд — Бӯстон – Чанак ва дар доираи ин лоиҳа ифтитоҳи нақби “Шаҳристон”-ро барои миллати тоҷик дар 21-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар ва 20-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯҳфаи хубе унвон карда, ин санаро барои халқи тоҷик муборакбод намуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






