Фаъолияти хуби экологҳои ноҳияи Ҷаббор Расулов
Душанбе, 15 октябр. (АМИТ «Ховар»), Назир Назиров).- Охири ҳафтаи гузашта дар бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷаббор Расулов семинари бозомӯзии вилоятӣ оид ба ташкили фаъолият баргузор гардид. Даставвал сарварони шуъбаву бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар бахш бо раванди ташкили кор, муҷаҳҳаз намудани бинои корӣ бо таҷҳизоти замонавӣ ва компютерҳо, ташкили ҳуҷҷатнигорӣ шинос шуданд. Баъдан дар саҳни Муассисаи давлатии истироҳатии «Уқобча» меҳмонон аз намоишгоҳи 26 мактаби ноҳия бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ҳайвонот , боздид намуданд. Ба табиатдӯстони ҷавон ифтихорнома ва билетҳои узвият ба ҳаракати «Патрули сабз» супорида шуд. Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Т. Салимов андешаҳои хешро дар бобати дуруст ташкил намудани фаъолияти экологӣ баён дошт. Маърӯзаи М. Абдуллоев дар мавзии «Ташкили фаъолият дар бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷаббор Расулов» фарогири масоили мубрами экологӣ ва роҳҳои ҳалли мушкилоти ташкилӣ буд. Дар ин бора аз шуъбаи ҳифзи муҳити зисти Суғд хабар доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






