Фаъолияти иқтисодӣ дар бахши барӯйхатгирии оморӣ
Душанбе, 1 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Чанде пеш дар шаҳри Душанбе семинар дар мавзӯи «Истифодаи табақабандии байналмилалии намудҳои фаъолияти иқтисодӣ дар амри барӯйхатгирии оморӣ» баргузор гардид. Тавре ки аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар кори семинар намояндагони дастгоҳи марказии Агентии омор, сарраёсатҳои омори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва намояндагони шӯъбаҳои омори ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат доштанд.Дар семинар ба истифодаи табақабандии намудҳои фаъолияти иқтисодӣ дар доираи низоми оморӣ, ҳамчунин такмили табақабандии намудҳои фаъолият дар амри барӯйхатгирии оморӣ диққати асосӣ дода шуд. Таҷрибаи роҳандозии барӯйхатгирӣ дар бахши кишоварзии Ҷумҳурии Қирғизистон низ баррасӣ шуда, дар фарҷоми семинар табодули афкор сурат гирифт.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






